Mandriva Linux

Дастурҳо оиди Барпосозӣ

Танзимотҳои талабшуда

Барои Коргузории Mandriva Linux дар бештари ҳолатҳо ба шумо лозим аст, ки танҳо Диски Фишурдаи Коргузориро ба гардонандаи CDROM ворид кунед ва мошинаи худро боз оғоз намоед. Марҳамат карда ба пункти 1 муроҷиат намоед.

ЭЗОҲ:


Рӯйхати дар поён овардашуда роҳҳои гуногуни барпосозии Mandriva Linux мебошанд:

  1. Бевосита аз Диски Фишурда бор кардан
  2. Сохтани диски нарми боркунӣ бо Windows
  3. Дигар усулҳои барпосозӣ


1. Бевосита аз Диски Фишурда бор кардан

Диски Фишурдаи Коргузорӣ боркунанда аст. Дар бештари ҳолатҳо танҳо Диски Фишурдаро ба гардонада ворид созед ва мошинаро аз нав бор кунед. Мувофиқи дастурҳо дар экран намоишшаванда амал кунед: барои коргузорӣ калиди [Enter]-ро пахш кунед, ё барои гирифтани ёрии иловагӣ [F1]-ро пахш кунед.

ЭЗОҲ:

Дар баъзе компютерҳои дастӣ, система аз Диски Фишурда бор нашуданаш мумкин аст. Дар ин ҳолат шумо бояд диски нарми боркуниро тайёр намоед. Барои маълумоти иловагӣ ба пункти 2 нигаред.

[дар болои ин саҳифа]


2. Сохтани диски нарми боркунӣ бо Windows

Агар компютери шумо аз CDROM бор карда нашавад, шумо бояд диски нармро бо Windows ба таври зерин офаред:

Барои оғоз намудани коргузорӣ:

[дар болои ин саҳифа]


3. Дигар усулҳои барпосозӣ

Агар бо ягон сабаб усулҳои пешина ба шумо мувофиқат накунанд (шумо коргузориро дар шабака аз дастгоҳҳои pcmcia ё ... кардан хоҳед), ба шумо инчунин лозим аст, ки диски нарми боркуниро офаред:

Дар ин ҷо рӯёхати симоҳои боркунӣ:

cdrom.img коргузорӣ аз Диски Фишурда
hd_grub.img коргузорӣ аз диски сахт (аз системаҳои файлии Linux, Windows, ё ReiserFS)
шумо барои системаи худ танзим карда метавонед: http://qa.mandriva.com/hd_grub.cgi
network.img коргузорӣ аз ftp/nfs/http
Эзоҳ: шумо бояд network_drivers.img-ро ба гардонандаи диски нарм ҳангоми дархост, ворид намоед
pcmcia.img коргузорӣ аз дастгоҳи pcmcia (огоҳӣ, бештари созгорҳои шабакавии pcmcia дар айни замонбевосита аз network.img пуштибонӣ мегарданд)

Инчунин шумо метавонед boot.iso-ро ба Диски Фишурда сабт намуда, аз он бор кунед. Ҳамаи усулҳои коргузорӣ пуштибонӣ мегарданд: аз Диски Фишурда, шабака ва диски сахт.

[дар болои ин саҳифа]


Инчунин шумо коргузориро дар усули матнӣ истифода бурда метавонед агар, ки бо ягон сабаб мушкилиҳо бо коргузории графикӣ бо нобаёнӣ ба амал оянд. Барои ин ба тугмаи [F1] дар экрани оғознамоии Mandriva Linux пахш кунед, дар сатри таклифоти text.

Агар ба шумо лозим ояд, ки системаи мавҷудаи Mandriva Linux-и худро наҷот диҳад, диски фишурдаи коргузориро ворид кунед (ё ягон ки нарми мувофиқ), [F1]-ро дар экрани оғознамоии Mandriva Linux ва дар сатри эъломи rescue, чоп кунед.

Ба http://www.mandrivalinux.com/drakx/README нигаред барои ахбороти техникии иловагӣ.

[дар болои ин саҳифа]


Дар поён қадамҳои асосии коргузорӣ омадаанд:

  1. Диски Фишурдаи Коргузории худро ворид кунед (ё агар лозим бошад, диски Нармро) ва мошинаи худро бозоғоз намоед.
  2. [Enter]-ро пахш кунед, ҳангоме, ки тирезаи пешвози Mandriva Linux пайдо мешавад ва мувофиқи дастурҳо эҳтиёткорона амал кунед.
  3. Вақте, ки коргузорӣ ба охир мерасад, дискеро, ки берун оварда шуд, гиред (инчунин ҳамаи дискҳои нарм аз гардонанда); мошинаи шумо бозоғоз карда мешавад. Агар чунин нашавад, ба таври дастӣ бозоғоз намоед.
  4. Mandriva Linux оғоз меёбад. Баъди боркунӣ шумо ба системаи худ зери ҳисоби корвандӣ, ки ҳангоми коргузорӣ офарида шуда буд ворид шуда метавонед, ё ҳамчун "root".

Эзоҳи махфӣ:

Ҳисоби "root" ба шумо дастрасии бе маҳдудро ба системаи Linux медиҳад. Онро танҳо баҳри батанзимдарорӣ ё идоракунии Linux истифода баред. Барои истифодаи ҳаррӯза ҳисоби корванди оддиро истифода баред, ки онро ба воситаи барномаи пуштибони "userdrake", ё фармонҳои "adduser" ва "passwd" танзим карда метавонед.

Бо Mandriva Linux бурдборӣ хоҳонем!

[дар болои ин саҳифа]


Барои пуштибонии иловагӣ, нигаред ба: